1449141595_1449120450_2Вазорати саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, барои баррасии мушкили корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — “Зарафшон” бо Кумитаи андоз як гуруҳи корӣ таъсис додааст.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав имрӯз, 28 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт аз баҳси корхонаи “Зарафшон”, ки ба истихроҷи тилло машғул аст, бо Кумитаи андоз огоҳ аст ва барои баррасии он гуруҳи вижаи корӣ таъсис шудааст. Ба иттилои ӯ, ин гуруҳи корӣ ҳоло ба омӯзиш машғуланд хулосаи он дар наздиктарин фурсат ба ҳукумати кишвар ироа хоҳад шуд.

Оқои Бобозода бо ишора ба баҳси молиёти корхонаи тиллои “Зарафшон”-у Кумитаи андоз таъкид кард, ”корхонае ки қонунгузориро риоя намекунад, ҳамеша баҳсҳо дорад”.

Қаблан, масъулини корхонаи муштараки “Зарафшон” хабар доданд, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як баҳси молӣ суратҳисоби корхонаро маҳдуд кардааст. Исмоил Зарифӣ, як масъули ин корхона моҳи декабри соли 2015 ба “Озодагон” гуфта буд, “давоми як моҳ ягон навъи маҳсулот ба корхона ворид нашудааст ва як сомонии ба суратҳисоби корхона гузаштаро Кумитаи андоз мегирад”.

Сабаби маҳдуд шудани суратҳисоби корхонаи “Зарафшон” 200 миллион сомонӣ қарзи он аз ҳисоби андоз гуфта мешуд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад.

28 январ 2016

Хабаргузории «Озодагон»

www.ozodagon.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

8 − один =

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.