Роҳнамои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон китобест, ки дар он равандҳои ташаккули буҷети мамлакат дар шакли оммафаҳм шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Зимнан, ин як нақли оддӣ дар бораи буҷет набуда, балки иттилоотест оид ба низоми буҷетӣ, қонунгузории буҷетӣ, раванди буҷетӣ, касри буҷет ва қарзи давлатӣ, сиёсати буҷетӣ ва усулҳои иштироки аҳолӣ дар раванди қабули буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи вусъат додани равандҳои демократӣ дар ҳамаи соҳаҳои идоракунии давлат инкишоф меёбад. Дар айни ҳол ислоҳоти маъмурӣ бо дигаргунсозиҳои иқтисодӣ робитаи зич дорад. Аз ин рӯ, яке аз омилҳое, ки ба идоракунии самарабахши иқтисодиёт ва ислоҳотҳои гузарондашаванда таъсир мерасонад, аз ҷониби ҳамаи иштироккунандагони идоракунӣ дарк намудани моҳияти ин равандҳо, алалхусус моҳияти буҷет мебошад, зеро он воситаи муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Саводнокӣ дар соҳаи буҷет шарти зарурии расидан ба мақсадҳои ислоҳот ва устувории натиҷаҳои он буда, барои ҳамаи зинаҳои амудии идоракунӣ муҳим мебошад. Ҳоло ба раванди буҷет вазоратҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақо моти худи- доракунии маҳаллӣ ва аҳолӣ торафт бештар ва фаъолонатар ҷалб карда мешаванд. Дар оянда ин тамоюл инкишоф хоҳад ёфт, чунки барои буҷети аз нигоҳи иҷтимоӣ оди- лона на фақат ҳукумат, балки худи шаҳрвандон низ масъул мебошанд. Онҳо дар ташак- кули буҷет ҳамчун андозсупорандагон иштирок намуда, ҳамзамон истифодабарандагони хизматрасониҳои асосии иҷтимоие ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби ҳамон буҷет таъмин карда мешаванд.

Бинобар ин вазифаи асосии роҳнамои мазкур фаҳмондани он аст, ки буҷет чист, он барои чӣ лозим аст, чӣ тавр таҳия, баррасӣ, қабул ва тасдиқ карда мешавад, пулҳои давлатӣ ба куҷо мераванд ва буҷет чӣ тавр ба ҳаёти ҳар як шаҳрванди алоҳида таъсир мерасонад. Ғайр аз ин, китоб дар бораи он маълумот медиҳад, ки чӣ тавр ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба раванди буҷет дар шаҳр, деҳа ва умуман ҷумҳурӣ таъсир расонад.

Дар дастури мазкур дар шакли оммафаҳм буҷети давлатӣ, низоми буҷетӣ, раванди буҷетӣ ва нақши ҳар кадоми мо дар ин раванд шарҳ дода мешавад.

Рохнамои бучети Чумхурии Точикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

восемь − восемь =

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.