2Мурод Хол, роҳбари Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 январи соли равон дар бинои ин ниҳод доир шуд, гуфт, 57 иҷозатномае, ки дар самти қаъри замин аз ҷониби Ҳукумати кишвар дода шудааст, зиёда аз 30 иҷозатнома мутааллиқ ба майдонҳои ояндадори нафту гази ҷануби кишвар мебошад.

“Дар воқеъ, 18 декабри соли сипаришуда бо ширкатҳои ватанию хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши қаъри замин машғуланд, мушовараи техникӣ доир намудем. Дар ин мушовара гузоришҳояшонро оид  ба фаъолияташон шунидем. Мутаассифона, фаъолияти се ширкатеро, ки бо ҳам кор мекунанд, ғайриқаноатбахш унвон намудем”-гуфт роҳбари Саридораи геологияи назди кишвар.

Ба қавли ӯ, тибқи қонунгузории амалкунанда ва созишномаи тақсимоти маҳсулот байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкатҳо 25 дарсади майдонҳои омӯзишшавандаро бояд баргардонанд: “Вақте ширкат фаъолияташ ғайриқаноатбахш аст ва майдонҳое, ки дар 7 соли ахир дар онҳо ҳеҷ гуна фаъолият анҷом дода нашудааст, ширкатҳо бояд ин майдонро баргардонад”,-афзуд Мурод Хол.

Ба иттилои роҳбари Саридораи геология соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи 37 лоиҳа ба маблағи 11 миллион сомонӣ, корҳои шартномавӣ аз рӯи 135 лоиҳа бо маблағи 12 миллиону 881 ҳазору 284 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 149 918 сомонӣ ва дар маҷмӯъ бо усули ҳоҷагидорӣ ба маблағи 23 миллиону 731 ҳазору 366 сомонӣ корҳоро анҷом дода шудааст.

Воҳидҳои сохтории саридора корҳои пармагариро дар ҳаҷми  8357, аз он ҷумла бо усулҳои роторӣ — 2447 метр, колонковӣ — 4294 метр, зарбазании танобӣ — 1616 метр анҷом додааст.

Шӯрои илмӣ-техникӣ 42 лоиҳа ва 56 ҳисоботи геологиро баррасӣ намуд. Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 61 ҳисоботҳои геологиро таҳти баррасӣ қарор додааст.

“Дар натиҷа захираҳо аз рӯи категорияҳои гуногун ҳисобӣ шуда, тарози давлат аз ҳисоби сурма — 333 517 тонна, симоб — 8237 тонна, хок — 1 037 829 м3, ашёи сементӣ (оҳаксанг) — 16 186 478 м3, регу шағал — 2 045 278 м3 ва сангҳои ороишӣ — 124 013 м3 ғанӣ гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо 80 ширкат қарордод оид ба муайян намудани бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 40 миллиону 318 ҳазору 780 сомонӣ ва бонусӣ кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 1 856 314 сомонӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 42 миллиону 175 ҳазору 95 сомонӣ баста шуд. “-хабар дод Мурод Хол.

Хабарнигор  Сафарбег Кабиров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

девятнадцать − шесть =

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.